Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Горан Стеванович: "Дар бозӣ бо Филиппин барои пирӯзӣ ба майдон мебароем"

Тими миллии футболи Тоҷикистон.
Тими миллии футболи Тоҷикистон.

Тими миллии футболи Тоҷикистон дар бозии даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили мунтахаби Филиппин рақобат мекунад.

Бозии даври охирин дар гурӯҳи «А» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин шаби сешанбеи 31-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 19:00 оғоз меёбад.

Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Горан Стеванович, мутахассиси сербиягӣ, 30-юми март дар нишасти матбуотии пеш аз бозӣ ба хабарнигорон гуфт, "Филиппин рақиби қавӣ аст. Рақобат хеле душвор хоҳад буд. Мо барои пирӯзӣ, барои шод кардани мухлисонамон ба майдон мебароем ва ба дастгирии тамошобинон дар варзишгоҳ умед мебандем. Умедворам, ки бачаҳо ба натиҷаи дилхоҳ ноил мегарданд. Ман ҳамаи мухлисонро даъват мекунам, ки дастаро дастгирӣ намоянд - якҷоя мо қавитарем".

Мунтахаби Тоҷикистон дар муқобили тими миллии Филиппин бо либосҳои сафед бозӣ мекунад. Дастаи Филиппин бо пироҳани кабуд ба майдон меояд.

Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Фидиппинро гурӯҳи доварон аз Ҷопон ҳакамӣ менамояд. Довари FIFA Хироки Касахара сардовари бозӣ мебошад. Пратап Сингҳ аз Ҳиндустон нозири доварон ва Алим Орифов аз Узбекистон комиссари бозӣ интихоб шудаанд.

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар бозӣ бо мунтахаби Филиппин:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Ростов», Русия), Олег Баклов («Туран Товус», Озарбойҷон), Далер Азизов («Ҳосилот», Фархор);

Ҳимоятгарон: Зоир Ҷӯрабоев («Суғдиён», Узбекистон), Меҳрубон Каримов, Сайёди Ковусшо (ҳарду аз «Равшан», Кӯлоб), Аҳтам Назаров («Вахш», Бохтар), Манучеҳр Сафаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов, Алиҷон Кароматуллозода (ҳама аз «Истиқлол», Душанбе), Фурқон Раҳимзода («Ҳосилот»), Аҳмадҷон Шоев («Сардор», Турсунзода);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Теренгану», Малайзия), Алишер Шукуров («Қизилқум», Узбекистон), Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарду аз «Истиқлол»), Ҷовидон Хушвахтов («Барқчӣ», Ҳисор), Ҷамшед Махсумов («Равшан»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Ал-Карма», Ироқ), Шериддин Бобоев («ПСМ Макассар», Индонезия), Рустам Соиров, Далер Шарипов (ҳарду аз «Истиқлол»).

Сармураббӣ – Горан Стеванович (Сербистон).

Ёдовар мешавем, бозии тимҳои миллии Филиппину Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А”, ки 10-уми июни соли гузашта дар варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити»-и шаҳри Капас доир гардида буд, бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.

Дар бозии дигари даври шашум дар гурӯҳи “А” тими Молдив дар майдони худ бо мунтахаби Тимори Шарқӣ вориди рақобат мешавад. Ин бозӣ 31-уми март дар шаҳри Мале, дар Варзишгоҳи миллии футболи Молдив, соати 15:30 бо вақти Душанбе шуруъ мегардад.

Баъди натиҷагирии бозиҳои даври панҷуми мусобиқот дар гурӯҳи “А” тимҳои миллии Тоҷикистон ва Филиппин 13-имтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Тоҷикистон (+11) дар ҷойи аввал ва Филиппин (+10) дар ҷойи дуюм қарор доранд.

Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар ҷойи сеюм ва Молдив бидуни имтиёз дар ҷойи чаҳорум мебошанд. Ҳарду даста аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 маҳрум гаштаанд.

Тақдири роҳхати ягона аз гурӯҳи “А” ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар бозии даври охирини марҳилаи гурӯҳӣ байни тимҳои миллии Тоҷикистону Филиппин ҳал хоҳад шуд. Футболбозони тоҷикро дар ин бозии тақдирсоз натиҷаи мусовӣ қаноатманд мекунад. Аммо ба филиппиниҳо барои дарёфти роҳхат дар бозӣ бо мизбонон танҳо пирӯзӣ зарур аст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”:

ҶДАСТАҲОБҒМБТ/ТИ
1Тоҷикистон541013-213
2Филиппин541015-513
3Тимори Шарқӣ51043-133
4Молдив50051-120

Даври шашум

31-уми март (сешанбе)

15:30 (бо вақти Душанбе) – Молдив - Тимори Шарқӣ

Мале. Варзишгоҳи миллии футболи Молдив

19:00 – Тоҷикистон - Филиппин

Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

То ҳоло ду дастаи мунтахаб, ки ба қисми ниҳоии мусобиқот роҳ ёфтаанд, маълуманд. Инҳо тимҳои миллии Сурия аз гурӯҳи “Е” ва Ветнам аз гурӯҳи “F” мебошанд, ки бо 15-имтиёзӣ мақоми аввалро касб намуда, барои рақибонашон дастнорас шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG