Ситоди мураббиёни тими миллии футболи Тоҷикистон зери раҳбарии Горан Стеванович ҳайати дастаро барои бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили мунтахаби Филиппин, ки 31-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад, эълон кард.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати тими миллии кишвар 25 бозигар барои омодагӣ ба рақобати ҳалкунанда бо филиппиниҳо даъват шудаанд – 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар. Ба рӯйхати ниҳоӣ барои ин бозӣ 23 бозигар дохил хоҳад шуд.
Ҳимоятгари бошгоҳи "Сипоҳон"-и Эрон Ваҳдат Ҳаннонов бинобар муддати тӯлонӣ надоштани таҷрибаи бозӣ ба мунтахаби миллии Тоҷикистон даъват нашуд. Нимҳимоятгар Ҳамадонӣ Камолов (аз тими “Гулгуҳар”-и Эрон) бошад, бо сабаби ҷароҳат доштанаш дар бозӣ муқобили мунтахаби Филиппин иштирок намекунад.
Бозии даври шашуми интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи “А” байни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Филиппин рӯзи 31-уми март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 19:00 оғоз меёбад.
Ҷамъомади таълимию тамринии тими миллии Тоҷикистон 23-юми март дар шаҳри Душанбе шуруъ мешавад.
Ҳайати тими миллии Тоҷикистон дар бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили дастаи мунтахаби Филиппин:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов (“Ростов”, Русия), Олег Баклов (“Турон Товус”, Озарбойҷон), Далер Азизов (“Ҳосилот”, Фархор);
Ҳимоятгарон: Зоир Ҷӯрабоев (“Суғдиён”, Узбекистон), Меҳрубон Каримов, Сайёди Ковусшо (ҳарду аз “Равшан”, Кӯлоб), Аҳтам Назаров (“Вахш”, Бохтар), Манучеҳр Сафаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов, Алиҷон Кароматуллозода (ҳама аз “Истиқлол”, Душанбе), Фурқон Раҳимзода (“Ҳосилот”), Аҳмадҷон Шоев (“Сардор”, Турсунзода);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (“Локомотив”, Булғористон), Эҳсони Панҷшанбе, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз “Теренгану”, Малайзия), Алишер Шукуров (“Қизилқум”, Узбекистон), Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарду аз “Истиқлол”), Ҷовидон Хушвахтов (“Барқчӣ”, Ҳисор), Ҷамшед Махсумов (“Равшан”);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев (“Ал-Карма”, Ироқ), Шериддин Бобоев (“ПСМ Макассар”, Индонезия), Рустам Соиров, Далер Шарипов (ҳарду аз “Истиқлол”).
Сармураббӣ – Горан Стеванович (Сербиcтон).
Дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон муборизаро барои роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 идома медиҳанд. Баъди натиҷагирии бозиҳои даври панҷуми мусобиқот дар гурӯҳи “А” Тоҷикистон ва Филиппин 13-имтиёзӣ гирифтаанд. Аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо Тоҷикистон дар ҷойи аввал ва Филиппин дар ҷойи дуюм қарор доранд.
Тақдири роҳхати ягона аз гурӯҳи “А” ба қисми ниҳоии мусобиқот дар бозии даври охирини марҳилаи гурӯҳӣ байни тимҳои миллии Тоҷикистону Филиппин ҳал хоҳад шуд.
Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар ҷойи сеюм ва Молдив бидуни имтиёз дар ҷойи чаҳорум мебошанд. Ҳарду даста аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 маҳрум гаштаанд.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чаҳордастаӣ тақсим шудаанд. Танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.