Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як ҷавони тоҷик бо гумони таблиғи "порнография"

Як сокини шаҳраки Сарбанд дар вилояти Хатлон, ки феълан номаш навишта намешавад, бо гумони таблиғи порнография ё паҳни маводи шаҳвонӣ дастгир шудааст.

Бар асоси парвандае, ки Додситонии шаҳри Бохтар боз кардааст, ба ӯ аз панҷ то ҳашт сол зиндон таҳдид мекунад.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ин ҷавон дар хориҷа мехонд ва ҳамагӣ даҳ рӯз пеш барои зиёрати қабри волидон ба Тоҷикистон баргашт.

Як ҳуқуқдон, ки аз ҷараёни қазия огоҳ аст, рӯзи 6-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, “пайвандонаш иттиҳомро беасос дониста, талош доранд, вакили мудофеъ бигиранд, то аз ӯ ҳимоят кунад.”

Мусоҳиби мо аз қавли наздикони боздоштшуда гуфт, маъмурони милиса дар телефони ӯ гуё наворҳои порнографӣ ё шаҳвониро дидаанд.

“Ҳамроҳи дӯстонаш ба қабристон мерафтааст. Маъмурони милиса онҳоро манъ карда, аз ҷавон, ки худро донишҷӯйи донишгоҳи хориҷӣ муаррифӣ кардааст, талаб мекунанд, телефонашро нишон диҳад. Вай инкор мекунад. Сипас ба Идораи пулиси шаҳри Бохтар бурда, бо латукӯб телефонашро гирифта, тафтиш мекунанд. Гуё дар онҷо наворҳои порнографӣ будааст,” – илова кард ӯ.

Ин ҳуқуқдон, ки нахост номаш фош шавад, гуфт, ҷузъиёти аз ин бештарро намедонад ва рӯшан нест маводи шаҳвонӣ танҳо дар ҳофизаи телефон будааст ва ё дар интернету паёмрасонҳо низ гузошта ва фиристода шудааст.

Ба нақли ҳамсуҳбати мо, парванди боздоштшуда аз рӯйи моддаи 241, қисми 3, банди “б”-и Кодекси ҷиноӣ (нигоҳ доштан ва паҳн кардани маводи порнографӣ бо истифодаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ, инчунин шабакаи Интернет) таҳқиқ мешавад.

Талошҳои мо барои дарёфти назари мақомоти умури дохилии шаҳри Бохтар натиҷа надод.

Мақомот дар Тоҷикистон соли 2023 ҷазоро барои тайёр ё паҳн кардани маводи порнографӣ сахттар карданд.

Солҳои охир баъзе аз духтарон шикоят доранд, ки шахсони ношинос навор ва аксҳои маҳрамонаи онҳоро ғайриқонунӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда, дар иваз аз онҳо пул меситонанд.

Дар гузашта чанд навори маҳрамона, бахусус рӯҳониён, низ ба интернет роҳ ёфта буд. Мақомот ҳеч вақт ошкор накардаанд, ки он наворҳоро кӣ сабт карда ва дар шабакаи ҷаҳонӣ гузоштааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG