Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси як духтар дар Душанбе барои паҳн кардани аксҳои "бадахлоқона" 


Акс аз саҳифаи Раёсати корҳои дохилии Душанбе
Акс аз саҳифаи Раёсати корҳои дохилии Душанбе

Як духтари 19-сола дар Душанбе барои паҳн кардани "аксу наворҳои ғайриахлоқӣ" панҷ рӯз ҳабс шудааст.

Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 12-уми октябр хабар дод, ки Зокирахон Расулова ва Меҳрона Раҷабзода, "дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунтазам аксу наворҳои ғайриахлоқӣ паҳн мекарданд". Як духтари ноболиғ ҳам бо онҳо будааст.

Расулова бо қарори додгоҳ панҷ рӯз ҳабс ва Раҷабзода ҷарима шудааст.

Назари ин ду духтар ва наздиконашон ба қазия маълум нест. Қонунгузории Тоҷикистон таблиғи фаҳшоро манъ кардааст, аммо маълум нест, ки ин духтаронро бар асоси кадом банди қонун ҷазо медиҳанд.

Пеш аз ин низ чанд духтари ҷавон дар Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон барои ба гуфтаи мақомот паҳн кардани “аксу наворҳои ғайриахлоқӣ” муҷозот шуданд.

XS
SM
MD
LG