Парвиз Шодмонзода, мудири кулли ширкати "Тоҷик эйр" рӯзи 27-уми сентябр зимни маросиме гуфт, ки парвозҳо ба самти Хоруғ вобаста ба вазъи боду ҳаво аз 30-юми сентябр оғоз мешаванд.
Ба гуфта ин масъули ширкати "Тоҷик Эйр", дар ин масир ҳафтае се маротиба, рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе парвозҳо анҷом хоҳанд дод. Муддати парвоз аз Душанбе то Хоруғ як соату 10 дақиқаро ташкил медиҳад.
Тоҷик Эйр" эълон кард, ки мусофирон метавонанд чиптаҳоро аз дафтари ин ширкат воқеъ дар кӯчаи Мирзо Мастонгулови Душанбе харидорӣ кунанд. Арзиши чипта аз як самт 900 сомонӣ муайян шудааст.
Ҳавопаймое, ки қарор аст ба тарафи Хоруғ парвоз кунад, АН-28 аст ва ғунҷоиши 17 нафарро дорад.
Ширкати "Тоҷик Эйр" мегӯяд, ки вобаста ба талабот моҳи октябр ба самти Панҷакент, Лахш, Ғарм, Кулоб, Ишкошим ва Айнӣ парвозҳоро анҷом медиҳанд.
Ширкати "Тоҷик Эйр" дар ҳоле аз роҳандозии парвозҳо ба Хоруғ хабар медиҳанд, ки якуним сол қабл роҳбарияти ВМКБ бо баргузории як маросим расман азсаргирии парвоз байни Душанбе ва Хоруғро эълом карда буданд. Мақомоти иҷроияи вилоят он замон гуфта буданд, ки бо ҳимояти президент Эмомалӣ Раҳмон ҳавопаймои “L410 NG” ба Хоруғ як парвози озмоишӣ анҷом дод ва иртиботи ҳавоӣ бо ВМКБ барқарор мешавад.
Он замон ширкати “LET Aircraft Industries”, ки дар Чехия воқеъ аст, муштаракан бо ширкати “Сомон Эйр” дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳавопаймои “L410 NG”-ро муаррифӣ карданд.
Аммо манобеи наздик ба ширкати "Сомон Эйр" гуфтанд, парвози озмоишии Душанбе-Хоруғ камдаромад буд ва ҳамин далел, ин тарҳ ноком монд.
Соли 2019 ширкати хусусии “Pactec International” аз шурӯи парвоз ба Хоруғ хабар дод. Аммо ба зудӣ бо мушкиле дастрасӣ ба ҳазинаи сӯхт ва масрафҳои дигар дучор шуд.
Ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" аз соли 2019 ба ин тараф парвоз намекунанд. Як таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки "Тоҷик Эйр" аз идораи андоз, бонкҳо, фурудгоҳҳо ва хадамоти техникӣ зиёда аз 40 миллион доллар қарздор аст.