Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоатро зиёд карданд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Шурӯъ аз якуми январи соли 2025 кӯмакпулии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат дар ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо, афзоиш хоҳад ёфт.

Бо назардошти ҳаҷми ҳозираи нишондиҳанда барои ҳисобҳо, маблағи кӯмакпулӣ аз 720 сомонии феълӣ то ба 792 сомонӣ боло меравад. Дар ин бора қарори ҳукумати Тоҷикистон расман нашр шудааст.

Тибқи ин қарор, бар иловаи ин, аз якуми сентябри имсол барои як оилаи камбизоат, ки ду ва зиёда шахси маъюб дорад, вале ба муассисаиҳои хидматрасони иҷтимоӣ фаро гирифта нашудаанд 144 сомонӣ пардохт карда мешавад.

Камбизоатон чунин кӯмакпулиҳоро давоми сол ҳар се моҳ пас дастрас хоҳанд кард.

Кӯмакпулии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат барои ҷуброни харҷи истифодаи нерӯи барқ ва гази табиӣ пешбинӣ шудааст.

Афзоиши кӯмапулиҳои иҷтимоӣ дар ҳолест, ки сокинон пайваста аз гаронии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия нигаронӣ мекунанд.

Дар гузашта шикоятҳо аз кам будани ҳаҷми маошу кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ борҳо садо дода буд.

XS
SM
MD
LG