Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз ширкат дар ҳамоиши дуввуми сулҳи Украина даст кашид


Мария Захарова
Мария Захарова

Русия дар ҳамоиши дуввуми сулҳи Украина, ки қарор аст то охири соли равон баргузор шавад, ширкат намекунад. Дар ин бора Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳорот дод.

Нахустин нишасти сулҳи Украина моҳи июни соли равон бо ҳузури намояндагони 80 кишвар дар Швейтсария баргузор шуд, аммо Русияро ба ин ҳамоиш даъват накарданд.

Мария Захарова гуфт, ҳамагуна созиши сулҳ бояд “вазъи ҳозира ва воқеияти ҷаҳони”-ро ба инобат гирад. Русия тақрибан 20 дарсади қаламрави Украинаро ишғол кадааст ва Маскав талаб дорад, ки ин минтақаҳо бояд ҷузъе аз хоки ин кишвар эътироф шаванд. Киев ба ин талаб розӣ нест.

Украина аз моҳи феврали соли 2022 зери ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии Русия қарор дорад. Маскав онро талоши ғайринизомӣ кардани Украина, аммо Киеву ҳампаймонҳояш таҷовуз ба хоки як кишвари мустақил медонанд.

XS
SM
MD
LG