Ба қавли манбаъ, ин санад моҳи апрел дар вақти сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Италия имзо шуда, пас аз анҷоми расмиёти дохилӣ аз рӯзи 14-уми октябр ба иҷро медарояд.
Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон ва Италия, ки соҳиби шиносномаи дипломатӣ ҳастанд, метавонанд ба кишварҳои ҳамдигар ба муддати 90 рӯз бидуни раводид (виза) сафар кунанд.
Италия яке аз кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо аст. Шаҳрвандони Тоҷикистон баъди мушкил шудани кор дар Русия талош мекунанд худро ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо расонанд.