Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гугл боз кардани саҳифа бо рақамҳои русиро қатъ кардааст


Корбарон дар Русия шикоят доранд, ки дигар наметавонанд бо рақамҳои ширкатҳои мобилии русӣ дар Гугл саҳифа ё аккаунти нав боз кунанд.

Баъзе хабарнигорон дар Русия талош карданд бо рақамҳои мобилии ин кишвар, ки бо рамзи +7 оғоз мешаванд, дар Гугл саҳифа кушоянд. Вале хабарнигорон паёме гирифтанд, ки сабти ном бо ин рақамҳо ғайриимкон аст.

Ба гуфтаи корбарон, ин мушкил ба рақамҳои ҳама ширкатҳои мобилии Русия ҷой дорад. Бе рақами телефони мобилӣ дар Гугл ҳисоб боз кардан ғайриимкон аст.

Ширкати Гугл дар бораи чунин маҳдудият хабар надодааст ва шикояти корбаронро низ бепосух гузошт.

Пас аз ҳамлаи бедалели Русия ба Украина ва ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Маскав, Гугл нисбати корбарони русиягӣ як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ кард. Аз ҷумла моҳи феврали соли 2022 ширкат “монетизатсия”-и расонаҳои давлатии Русияро боздошт. Баъдан, таблиғгарони рус аз боз кардани саҳифаҳои нав дар барномаҳои таблиғотии AdSense, AdMob ва Ad Manager маҳрум шуданд.

Моҳи августи имсол AdSense, шабакаи бузургтарин таблиғотии Google, корашро дар Русия бас кард.

XS
SM
MD
LG