Асакава аз аввали соли 2020 мудири Бонки Осиёии Рушд буд.
БОР яке аз ниҳодҳои молии ҷаҳонӣ аст, ки ба Тоҷикистон қарзу грантҳои зиёд медиҳад. Аз ҷумла Бонки Осиёии Рушд моҳи августи имсол эълон кард, ки барои навсозии неругоҳи «Сарбанд» ба Тоҷикистон 71 миллион доллар грант ё маблағи бебозгашт ҷудо мекунад.