Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бӯстон хати марзи Тоҷикистону Қирғизистонро "кашидаанд"


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд давраи дигари гуфтугуҳои ҳайатҳои маконнигорӣ ва таъйину аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба поён расидааст. Кумитаи амнияти миллӣ рӯзи 7-уми сентябр бо нашри як баёнияе дар хабаргузории давлатии “Ховар” гуфтааст, “гурӯҳҳои кории топографӣ дар минтақаи боқимондаи гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон корҳои муштараки саҳроиро гузарониданд.”

Музокирот аз рӯзи 1-ум то 7-уми сентябр идома кардааст. Ҷузъиёти дигари гуфтугуҳову нақшабардорӣ дар марзро нагуфтаанд ва маълум нест, чанд километри дигари марзи байни ду кишвар таъйин ва ё мушаххас шудааст. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон имсол чанд дафъа гуфтанд, ки 94 дар сади хати марз таъйин шудааст ва мумкин аст, ду тараф дар ояндаи наздик сари таъйини тамоми хати сарҳад ба мувофиқа бирасанд.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 972 километрро ташкил медиҳад. Ду кишвар даҳсолаҳост, ки дар масъалаи таъйину аломатгузории марз ба созиш намерасанд ва мардумони ду тараф борҳо дар деҳоти марзӣ сари замину обу чарогоҳу роҳ муноқишаву хунрезӣ карданд. Яке аз хунинтарин аз муноқишаҳо моҳи сентябри соли 2022 рух дод, ки аз ҳарду тараф даҳҳо куштаву маҷруҳ бар ҷой гузошт ва мақомоти Тоҷикистону Қирғизистонро водор кард, ки сари таъйину аломатгузории марз ҷиддитар биандешанд.

XS
SM
MD
LG