Расонаҳои давлатии Узбекистон, ки рӯзи 1-уми сентябр истиқлоли миллиашро таҷлил кард, хабар доданд, 159 зиндонӣ озод шудаанд, ҳукми 303 нафарро ба зиндони шартӣ тағйир дода ва муҳлати зиндони 60 каси дигарро кӯтоҳ кардаанд.
Дар байни афвшудагон 19 шаҳрванди хориҷӣ ва 56 зан ва бақияи афроди беш аз 60 солаву навҷавонон будаанд. Дар Узбекистон моҳи апрели имсол ҳам ба хотири Иди Қурбон 426 нафарро афв карданд.