Ба гуфтаи ӯ, ин оилаҳо тарафдори Украина буданд ва аз тарси низомиёни Русия пинҳон шуданд.
"Онҳо нақл карданд, ки аз тарс ба кӯча намебаромаданд, бе шиносномаи русӣ ҷойи кор пайдо карда натавонистанд ва таҳдид шуданд, ки амволашон мусодира мешавад. Хонаҳои ин одамонро кофтукоб карда, китобҳо бо забони украиниро оташ заданд ва ашёи қиматро ғорат карданд,”-гуфтааст намояндаи порлумони Украина.
Як қисмати хоки Украина дар вилоятҳои Донетск, Луҳанс, Запороже ва Херсон аз сӯи Русия ишғол шудааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯяд, баъди оғози ҷанги бедалели Русия алайҳи Украина, садҳо кудаку навраси украиниро зӯран ба Русия бурданд. Маскав инро рад мекунад.
Украина хостори бозгардонидани ҳудуди 20 ҳазор кӯдак аст, ки мегӯяд, русҳо аз оғози ин ҷанг дар соли 2022 то кунун онҳоро ба таври ғайриқонунӣ ба Русия бурдаанд.
Қаблан Додгоҳи байнулмилалии Гаага ба ҳамин далел эълон карда буд, ки қарори боздошти Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Мария Лвова Беловаро ба иттиҳоми иштирок дар "рабудани кӯдакони украинӣ", содир кардааст.