Ба гуфтаи Ҷастин Трюдо, бар иловаи мошинҳои барқӣ, бар воридоти фӯлод ва алюминюм аз Чин низ 25 дарсад тарофа ҷорӣ хоҳад шуд. Вай гуфт, "бозигароне монанди Чин тарҷеҳ додаанд дар бозори ҷаҳонӣ ба худ бартарии ноодилона бидиҳанд".
Ҳукумати Канада дар охирҳои моҳи июн аз афзоиши тарофа бар мошинҳои барқии арзонқимати Чин хабар дода буд.
Канада аз муттаҳидони аслии Амрико ба шумор меравад ва бозорҳои Амрико нақши асосӣ дар содироти Канада дорад.
Кишварҳои ғарбӣ ва Туркия ҳукумати Чинро муттаҳам мекунанд, ки барои коҳиши қимати мошинҳои барқӣ ба ширкатҳои дохилӣ кӯмаки молӣ мекунад.