Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи аломатгузории марз


Даври нави музокироти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи аломатгузории марз ба анҷом расидааст.

Гуфтугӯҳо аз 11 то 17-уми август дар шаҳри Ботканди Қирғизистон баргузор шуд, аммо ҷонибҳо ҷузъиёти онро фош намекунанд.

Дар хабарномаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз 17 август омадааст, ду тараф дар бораи минтақаҳои боқимондаи марз суҳбат карда, барои аниқ кардани ин қитъаҳои сарҳад боз вомехӯранд.

Ба иттилои расмӣ, 94 дарсади марзи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шуда, ду тараф барои шаш дарсади дигар ба тавофуқ нарасидаанд.

Марзе, ки аниқ нашудааст, ба иттилои мақомоти Қирғизистон дар минтақаҳои марзии вилояти Ботканд ва Суғди Тоҷикистон ҷойгир аст. Ҷойе, ки дар гузашта боиси баҳсу ҷанҷолҳои зиёд шуда буд.

XS
SM
MD
LG