Фармондеҳи Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил ва ду муовини ӯ, мудири маҳбаси рақами 1, роҳбари хабаргузории БелТА, сармуҳаррири “Беларус сегодня”, сухангӯи собиқи Александр Лукашенко, хабарнигори ОНТ ва 13 додрас, аз ҷумлаи онҳое ҳастанд, ки ба рӯйхати сиёҳи Швейтсария шомил шудаанд.
Дар оғози моҳи августи имсол 28 низомӣ ва рӯзноманигорони белорусӣ низ аз сӯи Иттиҳоди Аврупо таҳрим шуданд.
Моҳи августи соли 2020 баъди эълони натиҷаҳои интихобот дар Белорус, ки дар он президенти худкома Александр Лукашенко баранда эълон шуд, эътирозҳои оммавӣ дар ин кишвари ҳампаймони Русия сар зад. Муътаризон истеъфои Лукашенко ва баргузории интихоботи навро талаб карданд.
Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, дар натиҷаи саркӯби эътирозҳо дастикам 8 кас кушта шуд.