Ба гуфтаи Зеленский, "сарфи назар аз ҷангҳои сахт", артиши Украина воридшавӣ ба дохили вилояти Курскро идома медиҳад. Президенти Укрина ҳамчунин гуфт, "фонди ивазкунӣ"-ро зиёд кардаанд. Манзур, ба асорат гирифтани низомиёни Русия аст, ки дар оянда бо асирони украинӣ иваз карда мешаванд. Вале Зеленский дақиқ нагуфтааст, ки то имрӯз чӣ қадар низомиёни русӣ ба асорати Украина даромадаанд.
Қаблан Александр Сирский, фармондеҳи артиши Украина ба Зеленский гузориш дод, ки ҳудуди ҳазор километри мураббаъ хоки Русия дар ихтиёри артиши Украина аст. Алексей Смирнов, иҷрокунандаи вазифаи губернатори вилояти Курск ба раиси ҷумҳури Русия гузориш дод, ки артиши Украина 28 нуқтаи аҳолинишнро зери назорат дорад.
Дар ҳамин ҳол, маҷаллаи Wall Street Journal гузориш додааст, ки Русия як қисми неруҳои худро аз минтақаҳои ишғолшудаи Украина бароварда, ба вилояти Курск фиристодааст. Артиши Украина 6-уми август ба вилояти Курски Русия ҳамла кард.