Манобеи Радиои Озодӣ аввали моҳи апрел гуфтанд, маъмурони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ қариб 20 касро ба гумони омодагӣ ба ҳамлаи террористӣ боздошт кардаанд.
Ин хабарро оҷонсии хабарии “Ройтерс” ва расонаи маҳаллии “Азия-Плюс” ҳам нашр карданд. Вале Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон он вақт ин хабарҳоро рад карда буд.
Юсуф Раҳмон, Додситонии кулли кишвар 9-уми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, беш аз 20 нафар бо гумонаи қасди амали террористӣ дар остонаи ҷашни Наврӯз дастгир шуданд. Додситон аз ин афрод аъзоёни гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” ном бурд, вале дар бораашон маълумоти зиёд надод.
Манобеи Радиои Озодӣ қаблан гуфта буданд, боздоштшудаҳо сокинони шаҳрҳои Ваҳдат, Роғун ва Норак ҳастанд.
Дар ҳоле, ки назари ин афрод ва наздиконаш ба қазия маълум нест, додситонӣ гуфт, онҳо ният доштанд "гуруҳи одамонро заҳролуд кунанд".
Мақомот ҳар ним сол дар бораи боздошти гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва пешгирӣ аз ҳодисаҳои террористӣ хабар медиҳанд. Аммо шубҳаву гумонҳо ба ин ҳарфҳои мақомот ҷой дорад, чун ҳамаи маълумот дар ин бора ошкор карда намешавад.