Ҳавопаймои хурди ATR-72 ва мутаалиқ ба ширкати Пассаредо ҳангоми парвоз аз шаҳри Каскавел ба шаҳри Гуарулус дар вилояти Сан Пауло ба фалокат дучор омадааст.
Бино ба гузоришҳо 58 мусофир ва чаҳор халабон ҷон бохтаанд. Ин навъи ҳавопаймо то 68 нафарро ҷой медиҳад.
Луис Игнасио Лула дар Силва, раиси ҷумҳури Бразилия дар ҷаласаи ҳукумат ба хотири гиромидошти қурбониён як дақиқа сукут эълон кард.