Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, бисёре аз асирони украинӣ шиканҷа мешаванд


Ин асирони украиниро моҳи июн бо сарбозони Русия табодул карданд.
Ин асирони украиниро моҳи июн бо сарбозони Русия табодул карданд.

Даниелла Белл, раҳбари Дафтари Назорат Бар Ҳуқуқи Инсони Созмони Милал дар Украина ба як телевизиони Ҳолланд гуфтааст, 95 дар сади сарбозони асирафтодаи украинӣ дар Русия азобу шиканҷа мешаванд.

Дар сӯҳбат бо телевизиони NOS дар ҳамин ҳафта ӯ гуфт: “Сарбозони украинӣ ҳангоми бозпурсии аввалия шиканҷа мешаванд, аз онҳоро аз ҷумла бо калтакҳои чӯбиву оҳанин мезананд, урён мекунанд, бераҳмона латукӯб мекунанд ва ба нерӯи барқ мемонанд.”

Даниелла Белл гуфт, ки дар собиқаи кориаш шоҳиди чунин бедодгариҳо нашуда буд. Ӯ афзудааст: “Дар ҳақиқат дар 20 соли собиқаи кориам дар Созмони Милал ман ҳангоми боздиди боздоштгоҳҳо чунин чизеро надида будам.”

а қавли намояндаи Созмони Милал, хулосаи ӯ дар бораи бадрафторӣ бо асирон, ки қонунҳои байналмилалӣ манъ кардааанд, бар асоси иттилоотест, ки аз сарбозони украинии раҳошуда аз асорат аз Русия гирифтааст.

XS
SM
MD
LG