Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорат: Ҳиссаи Чин дар қарзи хориҷии Тоҷикистон кам мешавад


Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, ҳиссаи Чин дар қарзи хориҷии Тоҷикистон сол то сол кам шуда истодааст.

Маҷидӣ Юсуф Хайрулло, муовини аввали вазири молия 9-уми август дар нишасти хабарӣ гуфт, Тоҷикистон аз Чин 1,5 миллиард доллар қарздор буд ва то имрӯз 610 млн доллари онро пардохт кардааст.

Муовини вазир афзуд, феълан Тоҷикистон аз Чин ҳудуди 850-890 млн доллар қарздорӣ дорад. "Ҳиссаи қарзи Чин дар сохтори қарзи берунаи Тоҷикистон кам шуда истодааст. Баъд аз соли 2018 мо аз Чин танҳо грант ё маблағи бебозгашт гирифта истодаем",-афзуд Юсуф Маҷидӣ.

Вазорати молия моҳи марти имсол дар гузорише навишта буд, соли 2025 "давраи боимтиёзи як қатор қарзҳои "Эксимбонк"-и Чин низ ба анҷом мерасад ва Душанбе бояд як миқдор қарзи Пекинро баргардонад".

Масъалаи қарзи хориҷӣ ва тарзи истифодаву баргардондани он дар Тоҷикистон ҳамеша як мавзӯи нигаронкунанда будааст. Бахусус қарзҳои ҳангуфти Чин, ки шарту шароиташ расман эълон намешавад. Мақомот борҳо гуфтаанд, ҷойи нигаронӣ нест. Расонаҳои ҷаҳонӣ намунаи Шри Ланкаро пеш меоранд, ки дар ивази қарзҳо корхонаву бандарҳояшро дар ихтиёри Чин гузошт.

Тибқи оморҳои ахири Вазорати молия, қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1-уми июли соли 2024 ба 3,2 миллиард доллар расидааст, ки аз он ҳудуди 890 миллионаш аз Чин мебошад.

XS
SM
MD
LG