Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камала Ҳаррис расман номзади Ҳизби демократ гардид


Камала Ҳаррис расман номзади Ҳизби демократ дар интихоботи моҳи ноябри имсол шудааст. Дар ин бора ӯ 6-уми август ва дар ҷамъи тарафдорони Ҳизби демократ дар иёлати Филаделфия суҳбат кард.

Ба гузориши телевизиони CNN, Камала Ҳаррис дар ин ҷамъомад гуфтааст, "имрӯз дар назди шумо бо ифтихор эълон мекунам, ки расман номзади Ҳизби демократ барои курсии президенти ИМА ҳастам. Дар назди мо вазифа гузошта шудааст, ки бояд дар интихобот ширкат кунем ва пирӯз шавем."

Қаблан Кумитаи миллии Ҳизби демократи Амрико хабар дода буд, ки Камала Ҳаррис номзади ин ҳизб барои мақоми раиси ҷумҳурӣ аст. Ӯ аввалин зани сиёҳпӯст ва осиёӣ аст, ки номзади интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА аст.

Камала Ҳаррис соли 1964 дар хонаводаи муҳоҷирон аз Ҳинд ва Ямайка ба дунё омадааст. Ҳуқуқшиносӣ хонда, ба ҳайси муфаттиш кор карда ва ба мақоми додситони зодгоҳаш аёлати Калифорния расидааст.

Ҳаррис баъди канорагирии Ҷо Байден вориди рақобатҳои интихоботӣ шуд ва қарор аст бо номзад аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва президенти пешин Доналд Трамп рақобат кунад.

XS
SM
MD
LG