Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти як ҷавони қирғиз барои қаллобӣ дар Русия


Додгоҳи вилояти Брянскийи Русия як шаҳрванди 21-солаи Қирғизистонро, ки нақши "курйер"-и қаллобони телефониро мебозид, ба маҳбаси сукунатӣ маҳкум кардааст.

Дар додгоҳи Брянский 10-уми июл гуфтанд, ки ҷавони қирғизистонӣ бар асоси банди "қаллобӣ ё азхудкунии амволи дигар аз роҳи фиреб ва бо маслиҳати пешакӣ" гунаҳкор дониста шудааст.

"Ба ҳар се ҷабрдидаҳо занг зада гуфтаанд, ки яке аз наздикони онҳо иштирокчии садамаи нақлиётӣ шудааст ва онҳо метавонанд, ин мушкилро бар ивази маблағ ҳал кунанд. Ҳамин тариқ маҳкумшуда аз ҷабрдидаҳо ҷамъан 400 ҳазор рубли русӣ гирифта, ба ҳисоби шариконаш гузаронидааст", - омадааст дар иттилоияи додгоҳ.

Гумонбар дар додгоҳ гуноҳро қисман ба гардан гирифта, хисоротро пурра ҷуброн кардааст. Додгоҳ низ дар ниҳоят ӯро ба муҳлати 2 сол ба маҳбаси сукунатӣ маҳкум кардааст.

XS
SM
MD
LG