Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулнора Каримова дар зиндони Зангиота "ошӯб бардоштааст"


Гулнора Каримова дар зиндон. Акс аз бойгонӣ
Гулнора Каримова дар зиндон. Акс аз бойгонӣ

Гулнора Каримова, духтари президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов, ки дар зиндони занонаи Зангиотаи ин кишвар нигаҳдорӣ мешавад, барои раҳбарияти маҳбас “дарди сар” шуда, ошӯб низ бардоштааст.

Ин нуктаро як корманди зиндони Зангиота, ки нахост номаш бурда шавад, ба бахши узбекии Радиои Озодӣ баён доштааст.

"Сардори маҳбас маҷбур шуд дар робита ба иғвоҳое, ки Каримова дар зиндон нисбат ба маҳбусони дигар меандозад, чандин бор ба раҳбарияти олии кишвар муроҷиат кунад”, - гуфтааст корманди маҳбас.

Блогер Кирилл Алтман 8-уми июл видеои суҳбати худро бо як зан, маҳбуси собиқи зиндони Зангиота нашр кард. Ҳамсуҳбати Алтман мегӯяд, Каримова дар зиндон "ошӯб бардоштааст".

"Каримова ба кор мебаромад. Як бор ошӯб бардошт. Сипас ҳама 2,5 соат рост истоданд ва гӯш карданд. Зоҳиран вайро маҳкум мекарданд. Шояд ӯро ба он зиндон намебурданд. Аммо вақте бурданд, бояд низомро риоя кунад. Вале ӯ тартиботро чандон риоя намекунад", - изҳор доштааст маҳбуси собиқи Зангиота.

Санаи дақиқи ошӯби Гулнора Каримова дар зиндон гуфта намешавад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати Алтман, барои Каримова дар маҳбас ба истилоҳ, шароити “вип” муҳайё нашудааст: “Вай танҳо чаҳор рахти хоб дорад ва атрофи худро бо ҷойпӯш маҳкам кардааст. Ба ошхонаи умумӣ намеравад ва ҳамеша ғизоҳои худро истеъмол мекунад. Ба ӯ ғизо меоранд. Замоне ки дар маҳбас касе нест, мошинҳо меоянд. Вай ҳар чиро бихоҳад, ба даст меорад. Боре хост, як маҳбусро бубинад ва ӯро, ки дар дигар гуруҳ буд, ба наздаш оварданд. Хулоса, ӯ худро дар зиндон бад эҳсос намекунад”.

Гулнора Каримова соли 2015 ба 5 соли зиндон маҳкум шуд. Ӯро дубора соли 2020 бо айби "ғорати маблағҳои буҷаи Узбекистон ва бастани шартномаҳо бар зарари Узбекистон, инчунин аз худ кардани амволи дигарон бо роҳи тамаъҷӯӣ" ба 13 солу 4 моҳи дигар маҳкум карданд.

XS
SM
MD
LG