Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавҳари пешини Гулнора Каримоваро дар Ҳонконг боздошт карданд


Бино ба иттилои дастрасшуда, Рустам Мадумаров - шавҳари пешини Гулнора Каримова, духтари Ислом Каримов - президенти пешини Узбекистонро моҳе пеш дар Ҳонконг боздошт кардаанд.

Радиои Озодлик дар ин замина таҳқиқоти худро нашр кардааст.

Рустам Мадумарови 46-сола дар гузашта овозхон ва шарики тиҷориву шавҳари Гулнора Каримова буд.

Вай ҳамчунин дар таҳқиқи байналмилалии зидди Гулнора Каримова шахси муҳим ба ҳисоб меравад.

Ин дар ҳолест, ки Мадумаровро ибтидои соли 2014 дар Узбекистон боздошту ҳабс карда буданд.

Додситонии кулли Узбекистон Мадумаровро сардори "гуруҳи муташаккили ҷиноӣ" номида буд. Моҳи майи соли 2014 Мадумаровро пушти дарҳои баста ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум карданд.

Бино ба иттилои расонаҳо, Мадумаров ибтидои соли ҷорӣ аз зиндони Узбекистон озод шудааст.

Расонаҳо менависанд, Мадумаровро дар Ҳонконг дар пулшӯӣ айбдор мекунанд.

Мақомоти Узбекистон мегӯянд, Мадумаров дар яке аз бонкҳои Ҳонконг 67 миллион доллари нақд ва як манзил дорад, ки арзиши он ба 15 миллион доллар мерасад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG