Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари Мирзиёевро бо духтари Каримов муқоиса доранд


Саида Мирзиёева
Саида Мирзиёева

Саида Мирзиёева, духтари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, рӯзи 23-юми март дар Конфронси Созмони Милал бахшида ба захираҳои об дар шаҳри Ню-Йорк суханронӣ кард.

Ба иттилои расмӣ, Мирзиёева аз номи Узбекистон баромад кард ва масоили вобаста ба баҳри Аралро дар миён гузошт. Баъд аз суханронӣ дар Созмони Милал, Мирзиёева бо нашри аксу навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, дар Кохи сафед ва Департаменти давлатии Амрико чанд вохӯрӣ дошт.

Расонаҳои маҳаллӣ ва гуруҳе аз блогерон суханронии духтари президентро аз минбари Созмони Милал "рӯйдоди таърихӣ" номиданд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин суол чарх мезанад, ки Саида Мирзиёева, роҳбари шуъбаи дастгоҳи президент, оё ҳаққи муаррифии кишварро дар СММ дошт ё на?

"Вай ба ҳайси кӣ суханронӣ кард? Ба ҳайси духтари президент?", - навиштааст дар шабакаҳои иҷтимоӣ Фарида Шариф, як корбари узбекистонӣ.

Гулнора Каримова
Гулнора Каримова

Пас аз ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев духтари калонии вай Саида Мирзиёева дар мазҳари ом зиёд пайдо мешавад ва худро ҳомии фарҳангу ҳунар ва озодии баён муаррифӣ мекунад.

Хонум Мирзиёева дар маъракаҳои расмӣ ҳозир шуда, суханронӣ мекунад ва ба дохилу хориҷи Узбекистон сафари расмӣ анҷом медиҳад.

Нуфузи рӯзафзуни Мирзиёева боис шудааст, ки ӯро бо Гулнора Каримова, духтари Ислом Каримов, президенти пешини Узбекистон, муқоиса кунанд. Гулнора Каримовае, ки айни замон дар зиндон аст.

"Хешутаборбозӣ дар ҳаракат аст. Барои суханронӣ дар СММ на ягон мутахассис ё касеро, ки тамоми умр ба наҷоти Арал машғул аст, балки духтари президентро фиристодаанд. Зоҳиран, шахсияту ӯро барҷаста месозанд, то ки ба мансабҳои баландтари давлатӣ таъйин намоянд. Аз дунболи Гулнора Каримова қадам мемонад?" -- навиштааст Алишер Илҳомов, корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук.

Корбарони бештари узбекистонӣ навиштаанд, "таърих такрор мешавад" ва аз Саида Мирзиёева даъват кардаанд, "аз хатоҳои Гулнора сабақ гирад".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG