Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷияни Қодиров ба ҷои писари холааш  раиси Шӯрои амнияти Чеченистон шуд


Рамазон Қодиров
Рамазон Қодиров

Раҳбари Чеченистон  Рамазон Қодиров   рӯзи 1 июл ба мақоми раиси Шӯрои амният ҷиянаш Ҳамзат Қодировро  таъин кард.

Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров рӯзи 1 июл ба мақоми раиси Шӯрои амният ҷиянаш Ҳамзат Қодировро таъин кард. То имрӯз дар ин вазифа Турпалалӣ Иброҳимов, писари холаи Қодиров ифои вазифа мекард ва акнун Иброҳимов ба вазифаи раиси ноҳияи Шалӣ таъин шуд. Дар бораи тағйироти нави кадрӣ худи Қодиров дар ҷаласа бо иштироки раҳбарони ҳукуматаш хабар дода, вале сабабашро нагуфтааст.

Ҳамзат Қодиров 27 сол дошта писари бародари бузурги ӯ Залимхон Қодиров мебошад, ки соли 2004 даргузашт. Ҳамзат то ин охирҳо дар мақоми ёвари раҳбари Чеченистон оид ба ниҳодҳои қудратӣ ва муовини вазири умури моликият ва замин кор кардааст.

Турпалалӣ Иброҳимов – зодаи деҳаи Герменчуки ноҳияи Шалӣ буда, модараш холаи президенти Чеченистон аст. Ӯ ҳам дар гузашта дар мақомҳои баланди ҳукуматӣ кор кардааст.

Дар Чеченистон даҳҳо хешованди Қодиров ба мақомҳои баланд таъин шудаанд ва ҳоло аз 23 вазифа дар ҳукумати ҷумҳурӣ ва минтақа, шаштоашро фарзанду домодҳои Қодиров ва панҷ вазифаи дигарро хешовандон ё ҳамдеҳаҳои ӯ ишғол мекунанд. Қодиров гуфтааст, дар таъини хешовандонаш ба мақомҳои давлатӣ ихтилофи манфиат вуҷуд надорад. Ӯ гуфтааст: “Ба касе эътимод дорам, ҳамонро таъин мекунам”.

Рӯйхати пурраи хешовандони Қодиров дар қудратро хабарнигорони Кавказ.Реалии (Бахши қафқозии Радиои Озодӣ) нашр карданд

XS
SM
MD
LG