Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқоти Радиои Озодӣ сазовори ҷоизаи Анҷумани ноширони Осиё шуд


Таҳқиқоти Бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар бораи он ки чи гуна ширкатҳои Қазоқистон ва Қирғизистон дар давр задани таҳримҳо ба ширкатҳои русӣ кумак мекунанд, сазовори ҷоизаи Анҷумани ноширони Осиё (SOPA) шуд.

Таҳқиқот дар бахши "Excellence in Technology Reporting" (Дастоварди барҷаста дар бозтоби фанноварӣ)-и озмуни минтақавӣ беҳтарин номида шудааст.

Дар таҳқиқот гуфта шудааст, содироти маҳсулоте, ки бо чанд ҳадаф истифода мешаванд, аз Қирғизистону Қазоқистон баъди ҳамлаи Русия ба Украина якбора афзоиш ёфтааст.

Сухан дар бораи дастгоҳҳои электронии ширкатҳои ғарбӣ меравад. Қисмҳои ин дастгоҳҳо дар силоҳҳое ошкор шудаанд, ки Русия бо онҳо ба Украина ҳамла мекунад.

Барандагони ҷоизаро ҳафтаи гузашта дар Ҳонгконг эълом карданд.

"SOPA Award" аз сӯи Анҷумани ноширони Осиё тақдим мешавад. Он соли 1999 таъсис дода шудааст ва яке аз баландтарин ҷоизаҳои бахши рӯзноманигорӣ дар Осиё аст.

XS
SM
MD
LG