Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози як нишасти вобаста ба об дар Тоҷикистон


Нишасти севуми байнулмилалии об рӯзи 11-уми июн дар Душанбе оғоз мешавад. Мақомот гуфтанд, дар он намояндагони беш аз сад давлат ва таҳлилгарони обу иқлим аз 62 созмон ширкат мекунанд.

Бар асоси барномаи конфронс, дар оғоз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, мудири ЮНЕСКО ва муовинони президент аз чанд кишвари африқоӣ сухан мегӯянд. Дар назар аст, нишаст то 13-уми июн идома кунад.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша бо ифтихор мегӯянд, ки бо пешниҳоди Душанбе Созмони Милал чанд қатъномаи вобаста ба обро қабул кардааст. Мунтақидон мегӯянд, дар дохили Тоҷикистон то ҳанӯз як қисми аҳолӣ ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд.

XS
SM
MD
LG