Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби 20 сол зиндон барои гумонбарони "парвандаи Кампиробод"


Баъзе аз гумонбарони "парвандаи Кампиробод"
Баъзе аз гумонбарони "парвандаи Кампиробод"

Додситони Қирғизистон аз додгоҳ хостааст, гумонбарони "парвандаи Кампиробод" 20-солӣ аз озодӣ маҳрум ва амволашон мусодира шавад.

Дар ин бора яке аз гумонбарони парванда, ҳуқуқшинос Рита Карасартова ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод.

Дар Додситонии шаҳри Бишкек ва Додгоҳи ноҳияи Якуми майи пойтахти Қирғизистон, ки ин парвандаро баррасӣ дорад, дар ин бора чизе нагуфтанд. Парванда пушти дарҳои баста баррасӣ мешавад.

Қаблан дар Додгоҳи Якуми майи оғози бозпурсии гумонбаронро дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ тасдиқ карда буданд.

Рӯзи 22-юми октябри соли 2022 дар Қирғизистон Кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод таъсис шуд. Аъзои кумита иборат аз фаъолони шаҳрвандӣ ва сиёсатмадорони Қирғизистон зидди ба Узбекистон додани обанбори Кампиробод баромад карданд. Рӯзи 23 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошти аъзои кумита шуруъ шуд. Додгоҳ то ҳол чандин бор ҳабси онҳоро тамдид кардааст.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар шарҳи боздошти гумонбарон гуфта буд, "онҳо мардумро ба шӯр” оварда, талош карданд, ки "табадулоти давлатӣ" ташкил кунанд.

XS
SM
MD
LG