Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нарендра Модӣ бори сеюм сарвазири Ҳиндустон шуд


Нарендра Модӣ пирӯзиашро ҷашн мегирад.
Нарендра Модӣ пирӯзиашро ҷашн мегирад.

Нарендра Модӣ, сиёсатмадори миллатгарои ҳинду бори сеюм сарвазири Ҳиндустон шуд. Ӯ бояд бегоҳии рӯзи 9-уми июн савганд ёд кунад.

Ба тарфдории Модӣ тамоми намояндагони "Иттиҳоди миллии демократӣ" овоз доданд. Ҷонибдорони ӯ аз 543 курсӣ дар порлумон 293 курсиро соҳиб шуданд.

Модии 73-сола аз соли 2014 сарвазири Ҳиндустон аст.

Мухолифонаш ӯро дар саркӯби ақаллиятҳои мусалмони ин кишвар айбдор мекунанд. Худи Модӣ рад намекунад, ки миллатгарои ҳинду аст, вале мегӯяд, мусалмонҳоро саркӯб накардааст.

Дар замони раҳбарии Модӣ фишор ба мусалмонҳо дар Ҳиндустон бештар шуд ва ҷангҳои мазҳабӣ ҳам афзоиш ёфт.

XS
SM
MD
LG