Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде, ки аз Моҳ Заминро акс гирифта буд, дар садамае ҳалок шуд


Уилям Андерс
Уилям Андерс

Марде, ки аз мадори Моҳ курраи Заминро акс гирифта буд, дар садамаи ҳавопаймо ба ҳалокат расидааст.

Кайҳоннавард Уилям Андерс, ки дар ҳайати фазонавардии "Аполлона-8" дар соли 1968 ба мадори Моҳ парвоз карда, заминро акс гирифта буд, 90-сол дошт.

Наздикони ӯ хабар доданд, ки кайҳоннавард ҳангоми парвоз бо ҳавопаймои хурд дар ҷазираҳои Сан-Хуан дар аёлати Вашингтон ба садам дучор шуд. Дар ҳавопаймо ӯ ва халабон будааст.

Акси Замин аз Моҳ, ки 24-уми декабри соли 1968 гирифта шудааст.
Акси Замин аз Моҳ, ки 24-уми декабри соли 1968 гирифта шудааст.

Дар соли 1968 Андерс узви ҳайате дар киштии кайҳонии "Аполлон-8" буд, ки ба мадори Моҳ парвоз карданд. Ҳангоми ба мадори Моҳ расидан Андерс курраи Заминро акс гирифт, ки яке аз аксҳои машҳур дар он давру замон шуданд.

Чеҳраҳои шинохтаи Амрико ва сиёсатмадорон ба хонаводаи кайҳоннаварди маъруф таъзия гуфтаанд. Сабабҳои садамаи ҳавопаймое, ки ӯ савор буд, таҳқиқ мешавад.

XS
SM
MD
LG