Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз зиёд шудани ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирон гуфт


Муҳоҷирон дар Русия. Акс аз бойгонӣ.
Муҳоҷирон дар Русия. Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Русия мегӯянд, имсол қонуншиканӣ дар миёни муҳоҷирон назар ба соли гузашта зиёдтар шудааст.

Анна Мисюрева, муовини сардори Раёсати назорату назорати масъалаҳои муҳоҷират дар Шӯрои Федератсия гуфтааст, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ муҳоҷирон 224 ҳазор қонуншиканӣ ва ҷиноят содир кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 6 дарсад бештар аст.

Мақомдори Русия ҳамчунин гуфтааст, аз соли 2020 ба ин тараф теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ дар ин кишвар кам нашудааст.

Тибқи омори пешниҳодкардаи Анна Мисюрева, феълан дар Русия 6,5 миллион шаҳрванди хориҷӣ қарор доранд. Аммо мақомдори рус нагуфт, ки бештари онҳо шаҳрвандони кадом кишварҳо ҳастанд. Русия мизбони ҳазорҳо муҳоҷир аз Тоҷикистон низ ҳаст.

Мақомоти Русия борҳо аз қонуншикании муҳоҷирон норозигӣ карда, даҳҳо нафарро ихроҷ кардаанд. Аммо баъзе муҳоҷирон ин ҳарфҳоро қабул надоранд ва мегӯянд, ҳатто дар ҳолати дуруст будани санадҳо ва ё бо қонуншиканиҳои хурд онҳоро аз Русия ихроҷ мекунанд. Ба гуфтаи муҳоҷирон, тафтиш ва азияту ихроҷи муҳоҷирон аз Русия баъди ҳамла ба “Крокус” зиёдтар шуд.

XS
SM
MD
LG