Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кулли Қирғизистон истеъфо дод


Курманқул Зулушев
Курманқул Зулушев

Курманқул Зулушев аз мақоми додситони кулли Қирғизистон истеъфо дод.

Сухангӯйи президенти Қирғизистон Аскат Алагозов дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки Зулушев бо хоҳиши худ аз мақом рафт.

Ба қавли ӯ, истеъфои додситони кулли Қирғизистонро порлумони кишвар баррасӣ мекунад.

Зулушев аз моҳи октябри соли 2020 додситони кулли Қирғизистон буд. Вай аз соли 2000 дар мақомоти додситонии ин кишвар кор кардааст. Дар солҳои 2015-2020 аз ҳисоби Ҳизби "Ҷумҳурӣ- Отажурт" вакили порлумони Қирғизистон низ буд.

Зулушев ҳамчун додрасе машҳур аст, ки баъд аз тазоҳуроти соли 2012 дар шаҳри Бишкек се сиёсатмадорро бо шумули президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) “сафед” кард.

XS
SM
MD
LG