Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар натиҷаи як тирпаронӣ дар Амрико беш аз 24 кас захмӣ шудааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи тирпаронӣ дар аёлати Оҳайои Амрико шаби 2-юми июн як кас кушта ва 24 нафари дигар захмӣ шудааст.

Тирпаронӣ нимашаб дар шаҳри Акрон сурат гирифт. Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки дар ҷойи ҳодиса силоҳ пайдо шудааст. Дар бораи боздошти гумонбаре хабар дода намешавад.

Дар пулиси Акрон гуфтанд, "ҷони бештари захмиҳо дар хатар нест", вале вазъи чанд нафар "вахим" мебошад.

Пулис дар ҳоли ҳозир сабабҳои сар задани ҳодиса ва шахсияти захмиҳоро ошкор намекунад.

Дар Амрико баҳсҳо барои сахттар кардани назорати силоҳ идома дорад. Танҳо дар соли гузашта дар натиҷаи тирпарониҳо ҳудуди 40 кас дар ин кишвар кушта шудааст. Президенти Амрико Ҷо Байден борҳо даъват карда, ки қонунгузорӣ дар ин замина бозбинӣ шавад.

XS
SM
MD
LG