Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбарони боғи "Ишқобод"-и Тошкандро ҳабс карданд


Додгоҳе дар шаҳри Тошканд раҳбарони боғи "Ишқобод" дар пойтахти Узбекистонро 15 шабонарӯз ҳабс кардааст.

Маъмурияти боғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълом кардааст, ки рӯзи 1 июн, соати 12:00 ба 20 ҳазор кудак бозича ва яхмоси ройгон тақсим мекунад. Пулиси Тошканд мегӯяд, ҳарчанд раҳбарияти боғро ҳушдор дода буданд, ки чунин чорабиниеро баргузор накунад, зеро боғ имкони ғунҷоиши 40 ҳазор кас дар як вақтро надорад.

"Вале маъмурияти боғ ба ҳушдори пулис гуш накарда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ эъломи худро паҳн кард. Дар натиҷа дар дохил ва берун аз боғ одамони зиёд ҷамъ шуд. Ин амалҳо ба амнияти сокинон хатар эҷод карданд", - омадааст дар иттилоияи пулис.

Пулиси Тошканд зидди мудири боғ, муовини мудир ва сардори бахши эъломҳо санад тартиб дода, Додгоҳи ноҳияи Яшнобод онҳоро 15-шабонарӯзӣ ҳабс кардааст.

XS
SM
MD
LG