Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский дар Сингапур бо раҳбари Пентагон гап зад


Ллойд Остин ва Владимир Зеленский
Ллойд Остин ва Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, президенти Украина бо Ллойд Остин, вазири мудофиаи ИМА дар долонҳои нишасти осиёӣ дар масоили амниятӣ, ки бо номи "Гуфтугӯ Шангри-Ла" дар Сингапур идома дорад, вохӯрдааст.

Президенти Украина гуфт, ки бо Остин дар бораи пурзур кардани системаи зиддиҳавоии ин кишвар ва интиқоли ҷангандаҳои F-16 гап заданд.

Зеленский ба Байден барои иҷозаи ҳамла ба хоки Русия бо силоҳҳои амрикоӣ ташаккур гуфтааст.

Пештар Амрико гуфта буд, ба Украина иҷоза намедиҳад, ки ба силоҳҳои амрикоӣ ба хоки Русия зарба занад.

Рӯзи 31-уми май расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки ИМА ба Украина иҷоза додааст, ки ба низомиёни рус дар дохили хоки Русия, вале дар наздикии марзи Украина ҳамла кунад.

Ҳанӯз ба Украина иҷозаи ҳамла бо мушаки дурпарвози ATACMS ба хоки Русия дода нашудааст.

XS
SM
MD
LG