Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод барои иштирок дар интихобот номнавис шуд


Маҳмуд Аҳмадинажод шаҳодатномаи номзадиашро нишон дод.
Маҳмуд Аҳмадинажод шаҳодатномаи номзадиашро нишон дод.

Маҳмуд Аҳмадинажод, президенти собиқи Эрон барои ширкат дар интихоботи навбатии президентӣ дар ин кишвар худро номнавис кард.

Расонаҳои давлатии Эрон рӯзи 2-юми июн хабар доданд, ки Аҳмадинажод рӯзи гузашта сабти ном шудааст.

Сабти номи номзадҳо барои интихоботи рӯзи 28-уми июн дар Эрон то 3-юми июн давом мекунад.

Интихоботи пеш аз мӯҳлат пас аз кушта шудани Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон дар садамаи чархбол баргузор хоҳад шуд.

Аҳмадинажод ду давраи панҷсола, аз соли 2005 то 2013 президенти Эрон буд. Мухолифонаш ӯро дар саркуби эътирозгарон ва қатлу куштори мардуми бегуноҳ айбдор мекунанд.

Дар замони Аҳмадинажод робитаи Эрон бо Тоҷикистон хуб буд.

Чандин нафар аз чеҳраҳои саршиноси эронӣ барои иштирок дар интихоботӣ президентӣ номнавс шудаанд ва маълум нест, ки инбор Аҳмадинажод то куҷо шонси пирӯзӣ дорад.

XS
SM
MD
LG