Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тайланд визаро барои сайёҳони ду кишвари Осиёи Марказӣ бекор мекунад


Як минтақаи сайёҳӣ дар Тайланд
Як минтақаи сайёҳӣ дар Тайланд

Ҳукумати Тайланд эълом кард, ки раводид (виза)-ро барои сайёҳони як қатор кишварҳо, аз ҷумла Узбекистон ва Қазоқистон бекор мекунад.

"Bangkok Post" хабар додааст, ки мақомоти Тайланд ҷамъан раводидро барои шаҳрвандони 36 кишвар бекор мекунанд. Дар миёни онҳо дар баробари Узбекистону Қазоқистон Камбоҷа, Ҳиндустон, Ямайка, Лаос, Мексика ва Мағриб низ ҳастанд.

Шаҳрвандони кишварҳои мазкур акнун метавонанд то 60 рӯз дар Тайланд бидуни раводид бимонанд. Ин муҳлат қаблан 30 шабонарӯз буд.

Сухангӯи ҳукумати Тайланд Чай Вачарона гуфт, дар пайи ин қарор теъдоди давлатҳое, ки шаҳрвандонашон метавонанд бидуни раводид ба кишвараш сафар кунанд, аз 57 то ба 93 афзоиш меёбад.

XS
SM
MD
LG