Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қоидаҳои шиносномадиҳии Русия сахттар мешавад?


Русия баъди оғози ҷанг дар Украина ба нерӯҳои иловагӣ эҳтиёҷ пайдо кардааст.
Русия баъди оғози ҷанг дар Украина ба нерӯҳои иловагӣ эҳтиёҷ пайдо кардааст.

Вазорати умури хориҷии Русия тарҳи қоидаҳои нави судури шиносномаи хориҷӣ барои шаҳрвандонеро нашр кард, ки дар хориҷ аз он кишвар зиндагӣ мекунанд.

Дар санад омадааст, ба он шаҳрвандони Русия, ки синни даъват ба артиш ҳастанд, мумкин аст, шиносномаи нави хориҷӣ надиҳанд. Шарти гирифтани шиноснома ин аст, ки ба Русия баргарданд ва дар комиссариати низомӣ худро сабт кунанд.

Нашрияи “Астра”, ки ба ҷузъиёти санад пардохтааст, мегӯяд, қоидаҳои нав фақат ба онҳое рабт дорад, ки бояд хидмати ҳарбии ҳатмиро анҷом диҳанд. Ҳеҷ гапе дар бораи мобилизатсия ва ё сафарбарӣ ба артиш дар он гуфта нашудааст.

Сафорат ва консулгариҳои Русия метавонанд, ба касоне, ки даъватномаи электронии ҳарбӣ ба хидмати ҳатмӣ ва ё ихтиёрӣ гирифтаанд, шиносномаи хориҷӣ надиҳанд. Русия пас аз таҷовуз ба хоки Украина ва талафоти зиёд ба нерӯи иловагӣ ниёз пайдо кардааст.

XS
SM
MD
LG