Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико гуфт, ба Украина аслиҳаву муҳимоти изофӣ медиҳад


Системаи рокетии HIMARS аз ҷумлаи бастаи кӯмакҳои низомии Амрико барои Украина аст.
Системаи рокетии HIMARS аз ҷумлаи бастаи кӯмакҳои низомии Амрико барои Украина аст.

Ҳукумати Амрико рӯзи 24-уми май эълон кард, ки барои рафъи ҳамлаҳои Русия дар наздикии шаҳри Харков ба Украина бо арзиши 275 миллион доллари дигар кумак мекунад.

Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико дар як байнияи расмӣ гуфт, “кумакҳои низомии мазкур ба зудӣ ба артиши Украина дода мешаванд, то битавонад, қаламрави кишвар ва мардуми онро муҳофизат кунад.”

Дар бастаи кумакҳо системаи рокетии HIMARS, тир барои тӯпхонаҳо, системаҳои зиддитонкӣ, мошинҳои низомӣ ва дигар муҳимоти ҷангӣ шомиланд.

XS
SM
MD
LG