Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷанги Русия дар хоки Украина беш аз 500 кӯдак кушта шудааст


6 март, Одесса. Лавҳаи хотираи қурбониёни ҳамлаи бесарнишинҳои Русия. Дар ин ҳамла 12 нафар, аз ҷумла шаш кӯдак кушта шуд
6 март, Одесса. Лавҳаи хотираи қурбониёни ҳамлаи бесарнишинҳои Русия. Дар ин ҳамла 12 нафар, аз ҷумла шаш кӯдак кушта шуд

Додситонии кулли Украина гуфт, ки аз замони ҳуҷуми Русия ба хоки ин кишвар  547 кӯдак кушта ва 1348 тифл маҷрӯҳ шудааст.

Додситонии кулли Украина гуфт, ки аз замони ҳуҷуми Русия ба хоки ин кишвар 547 кӯдак кушта ва 1348 тифл маҷрӯҳ шудааст.

Дар паи оташборони артиши Русия болои шаҳри украинии Одесса дар таърихи 29-уми апрел як кӯдаки чорсола сахт маҷрӯҳ шуда рӯзи 23 май ҷон дод.

Рӯзи 13 май бунёди атфоли СММ – ЮНИСЕФ дар изҳороте гуфт, аз рӯзи таҷовузи Русия ба хоки Украина дар моҳи феврали соли 2022 дар Украина 1993 кӯдак кушта ваё маҷрӯҳ шудааст.

ЮНИСЕФ гуфтааст, ки ин омор ҳолатҳои расман ба қайд гирифташударо дар назар дорад ва эҳтимолан шумори воқеии кӯдакони қурбонии ҷанги беасоси Русия дар хоки Украина аз ин ҳам бештар бошад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG