Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Узбекистон шикаст хӯрд ва аз медалҳо бенасиб монд


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд дар бозӣ барои ҷойи сеюм аз тими миллии Узбекистон аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд (замони асосӣ – 5:5) ва аз медалҳои биринҷии мусобиқа маҳрум шуд. Ин бозӣ 28-уми апрел дар варзишгоҳи Bangkok Arena доир гардид.

Нимаи аввали бозӣ бо пирӯзии тими миллии Узбекистон бо ҳисоби 2:1 ба поён расид. Дар нимаи дуюм футзалбозони узбек се гол (яктоаш аз пеналти) ва бозигарони тоҷик чаҳор гол заданд. Дарвоқеъ, Самандар Ризомов, бозигари мунтахаби Тоҷикистон, ки дар ин бозӣ се гол зад, “хет-трик” кард.

Замони асосии бозӣ бо ҳисоби мусовии 5:5 хотима ёфт. Ғолибро силсилаи пеналти муайян кард. Дар иҷрои ин кор бозигарони узбек маҳорати хуб нишон дода, бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд.

Ҳамин тариқ, тими милли Узбекистон зери роҳбарии Ҷосе Венансио Лопеси испанӣ мунтахаби Тоҷикистонро мағлуб карда, ба гирифтани медалҳои биринҷии Ҷоми Осиё-2024 мушарраф гаштанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бошад, дар қаҳрамонии Осиё бори аввал мақоми чаҳорумро касб кард.

Сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов дар бораи натиҷаҳои ба даст овардаи дастааш дар Ҷоми Осиё-2024 гуфт, “гирифтани роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон барои мо дар Ҷоми Осиё-2024 натиҷаи олист. Дар рафти мусобиқа мо бо беҳтарин дастаҳои Осиё бозӣ кардем ва рақобат бо онҳо бароямон таҷрибаи пурарзиш гардид. Иштирок дар Ҷоми ҷаҳонии футзал-2024 низ барои тими мо таҷрибаи хуб хоҳад дод.»

Тими миллии Узбекистон, ки яке аз дастаҳои пуртаҷрибаю пурқуввати Осиё мебошад, чаҳор маротиба медалҳои нуқра ва шаш бор медалҳои биринҷии қаҳрамонии қораро соҳиб шудааст. Футзалбозони узбек соли 2022 низ дар Ҷоми Осиё дар Кувайт мақоми сеюмро касб карда буданд.

Мунтахаби Тоҷикистон, ки бори дувоздаҳум дар таърихи худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат варзид, аввалин маротиба барои медалҳои биринҷии қаҳрамонии Осиё мубориза бурд, инчунин бори аввал соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон шуд.

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ барои дастовардҳои тими миллии футзали кишвар дар Ҷоми Осиё-2024 ҷоизаи молӣ ба маблағи 100 ҳазор доллар ихтисос додааст.

Дар бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки рӯзи якшанбеи 28-уми апрел дар варзишгоҳи Bangkok Arena доир мегардад, мунтахаби Тайланд бо қаҳрамони 12-каратаи Осиё - тими миллии Эрон - рақобат мекунад. Бозии ниҳоӣ соати 16:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар Узбекистон доир мегардад, роҳхат гирифтанд.

Аз қораи Осиё ба ҷуз аз тими миллии Узбекистон (ба ҳайси мизбон), дастаҳои мунтахаби Эрон, Тайланд ва Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон-2024 роҳ ёфтанд.

Инчунин барои роҳхати панҷум тимҳое, ки дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2024 шикаст хӯрданд, талош карданд. 26-уми апрел бозиҳои плей-офф баргузор шуд. Тими Афғонистон зери роҳбарии сармураббӣ Маҷид Муртазоии эронӣ бар дастаи Ироқ бо ҳисоби 5:3 ва мунтахаби Қирғизистон бо роҳбарии сармураббӣ Луис Бернат Молинаи испанӣ бар Ветнам бо ҳисоби 3:2 ғолиб омаданд.

Бозии ҳалкунанда барои роҳхати панҷум ба Ҷоми ҷаҳон-2024 аз қораи Осиё миёни дастаҳои Афғонистону Қирғизистон 28-уми апрел дар варзишгоҳи Bangkok Arena доир гардид. Футзалбозони афғон, ки бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуданд, ба қаҳрамонии ҷаҳон роҳхат гирифтанд.

Дарвоқеъ, тими миллии Афғонистон, ки бори аввал дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат кард, то ба даври чаҳорякниҳоӣ расид ва нахустин маротиба ба Ҷоми ҷаҳонии футзал роҳ ёфт.

Вале тими миллии Қирғизистон, ки як маротиба (соли 2005 дар Ветнам) медалҳои биринҷии қаҳрамонии Осиёро ба даст оварда, ду бор (2005 ва 2007) ҷойи чаҳорумро гирифтааст, аз роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2024 бенасиб монд.

Ҷоми Осиё-2024

Нимфинал

26-уми апрел (ҷумъа)

Тайланд - Тоҷикистон – 3:3 (6:5 – аз рӯи силсилаи пеналти)

Бангкок, варзишгоҳи Hua Mark Indoor

Ӯзбекистон – Эрон – 3:3 (4:5 - аз рӯи пеналти).

Бангкок, варзишгоҳи Bangkok Arena

Бозӣ барои ҷойи 5-ум

26-уми апрел

Ироқ - Афғонистон - 3:5

Ветнам - Қирғизистон - 2:3

28-уми апрел (якшанбе)

Афғонистон – Қирғизистон – 5:3

Бангкок, варзишгоҳи Bangkok Arena

Бозӣ барои ҷойи сеюм

Тоҷикистон – Узбекистон – 5:5 (аз рӯи пеналти – 1:3).

Бангкок, варзишгоҳи Bangkok Arena

ФИНАЛ

Тайланд – Эрон - соати 16:00 (бо вақти Душанбе)

Бангкок, варзишгоҳи Bangkok Arena

Зимнан, ҳамаи 24 дастаи мунтахаби иштироккунандаи Ҷоми ҷаҳон-2024 муайян шуданд: Узбекистон, Зеландияи Нав, Қазоқистон, Фаронса, Испания, Португалия, Украина, Бразилия, Аргентина, Венесуэла, Парагвай, Коста-Рика, Панама, Гватемала, Куба, Хорватия, Нидерланд, Ангола, Либия, Марокаш, Тоҷикистон, Эрон, Тайланд, Афғонистон.

Қуръакашии Ҷоми ҷаҳон-2024 рӯзи 26-уми май дар Самарқанд доир мешавад. Қаҳрамони феълии ҷаҳон мунтахаби Португалия мебошад. Аз ҳама бештар – панҷ бор - тими миллии футзали Бразилия ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудааст.

XS
SM
MD
LG