Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Истамбул русиягиҳоро ба парвозҳои Амрикои Лотинӣ роҳ намедиҳанд


Фурудгоҳи Истанбул.
Фурудгоҳи Истанбул.

Сафорати Русия дар шаҳри Анқара мушкили русиягиҳоеро, ки ба парвозҳои транзитии ширкати туркии "Turkish Airlines" ба кишварҳои Амрикои Лотинӣ роҳ дода намешаванд, шарҳ дод.

Дипломатҳои рус гуфтаанд, роҳ наёфтани ҳамватанони онҳо ба масирҳои транзитӣ ба як мушкили ҷиддӣ табдил ёфта, "хусусияти систематикӣ" гирифтааст ва дар Вазорати умури хориҷии Туркия ҳам ба нотаи сафорат дар ин замина то ҳол посухи возеҳ надодаанд.

Ба иттилои канали "Shot" дар паёмакрасони Телеграм, давоми моҳҳои ахир ҳазорҳо русиягӣ натавонистааст, аз Туркия ба кишварҳои Амрикои Лотинӣ парвоз кунад.

Мушкили роҳ наёфтани русиягиҳо ба парвозҳои транзитии "Turkish Airlines" охирҳои моҳи феврали имсол ба миён омадааст. Дар ширкат гуфтанд, ин иқдом ба қоидаҳои шадиде рабт дорад, ки кишварҳои Амрикои Лотинӣ нисбат ба русиягиҳо ҷорӣ кардаанд.

Ба назари коршиносон, ширкати ҳавопаймоии туркӣ ҳарос дорад, ки шаҳрвандони Русия эҳтимол мехоҳанд тариқи Мексика ба Амрико сафар кунанд ва дар сурати роҳ наёфтанашон ба кишварҳои Амрикои Лотинӣ ширкат вазифадор аст, ки пули билети баргашти онҳоро пардозад.

XS
SM
MD
LG