Зариф Мирдадо, муовини раиси вилояти Суғд, ҳангоми вохӯрӣ дар ноҳияи Мастчоҳ гуфтааст, бештари деҳқонон асосан беда ё юнучқа кишт карда, бо ин роҳ заминҳои обиро ба чарогоҳ табдил додаанд. Вай аз мақомоти маҳаллӣ талаб кардааст, нисбат ба чунин деҳқонон чора андешанд.
Ба навиштаи рӯзномаи ноҳиявии “Машъал”, Зариф Мирдадо дастур додааст, ки заминҳои президентӣ аз касоне, ки онҳоро ҳадафмандона истифода намебаранд, бозпас гирифта шаванд. Ин заминҳоро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо мақсади аз гуруснагӣ наҷот додани мардум ба сокинон тақсим карда буданд.
Давоми як ҳафтаи охир чанд кишоварз аз вилояти Суғд шикоят карданд, ки мақомот онҳоро маҷбур доранд, дар заминҳо асосан пахта кишт кунанд. Ҳол онки ба гуфтаи деҳқонон, кишти пахта дар солҳои ахир даромади зиёд надорад.
Таваҷҷуҳи мақомоти вилояти Суғд ба кишти пахта баъд аз он зиёд шуд, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз кам шудани майдони кишти пахта дар шимоли кишвар нигаронӣ кард. Президент гуфт, соли гузашта дар вилояти Суғд 9 ҳазор гектар камтар пахта кишт шудааст.