Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли боло рафтани нархи интернет. Хадамот мухолифат кард


Internet in Tajikistan
Internet in Tajikistan

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ширкатҳои мухобиротӣ дубора дар пайи боло бурдани нархи тарофаҳои хизматрасонӣ ҳастанд.

Ин ниҳод 22-юми апрел дар изҳороте навишт, баъзе ширкатҳои мухобиротӣ "дубора талош доранд, ки бо ҳар роҳу восита нархи хидматрасониҳои алоқаи мобилиро баланд намоянд".

Аммо дар изҳороти Хадамот аз ягон ширкат ном бурда нашудааст ва ҳам маълум нест, ки нархи тарофаҳо чӣ қадар афзоиш меёбад. Ширкатҳои мухобиротии кишвар то ҳол дар ин бора расман хабар надодаанд.

Хадамоти алоқа бори дигар мухолифати худро ба боло бурдани нархи тарофаҳои мобилӣ ва интернет баён карда, аз ширкатҳо хостааст, "ба ҳар иқдоми носанҷида, ҳангомабарангез ва беэътиборкунанда" даст назананд.

Охири моҳи январи имсол се ширкати калони мобилии Тоҷикистон "Мегафон", "Тселл" ва "Вавилон" хабар доданд, ки хадамоти худро гаронтар мекунанд.

Ширкатҳо далели боло бурдани нархи тарофаҳоро гаронтар шудани нархи нерӯи барқ, қимат шудани сӯзишворӣ, беқурбшавии пул ва зиёд шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо гуфтанд.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳам аз мавқеи ширкатҳои мобилӣ ҳимоят карда буд. Аммо дар пайи норозигии Хадамоти алоқа, ширкатҳо аз тасмими худ даст кашиданд.

Масъалаи боло бурдани нархи хадамоти мухобиротӣ бахусус интернет ҳамеша дар Тоҷикистон норозигии корбаронро ба дунбол дорад. Он ҳам дар шароте, ки интиқод аз сифати алоқаи мобилӣ ва суръати интернет дар кишвар зиёд аст.

XS
SM
MD
LG