Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози баъзе аз намояндагони мухолифони тоҷик дар Литва


Тақрибан 15 намояндаи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ба зидди сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Италия дар Литва тазоҳурот кардаанд.

Гирдиҳамоии онҳо рӯзи 22-юми апрел дар назди сафорати Италия дар шаҳри Вилнюс гузашт.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳукуматаш солҳои охир ба саркӯби дигарандешон ва нақзи озодиҳои мардум танқид мешавад, бо сафари расмӣ ба Италия рафтааст.

Намояндагони мухолифон аз ҳукумати Италия ва кишварҳои дигари аврупоӣ хостаанд, ки аз пазируфтани раҳбари Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

Илҳомҷон Ёқубов, яке аз фаъолони мухолиф, гуфт: "Ду намояндаи сафорати Италия берун омада, ба ҳарфи мо гуш доданд. Сипас гуфтанд, ки пешниҳодро ба ҳукуматашон мерасонанд."

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2023 дар Олмон буд ва он ҳангом мухолифон ба зидди ӯ гирдиҳамоӣ карда, шиор доданд ва ба тарафи мошини ҳомили ӯ тухм заданд. Ин ҳолат хашми мақомотро барангехт ва наздикони баъзе аз мухолифонро дастгир ва бархеро пурра аз истифодаи нерӯи барқ маҳрум карданд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) он замон дар гузорише гуфт, ҳудуди 50 нафар аз наздикони эътирозгарони Берлин дар Тоҷикистон дастгир ва бархе танҳо пас аз бозпурсӣ раҳо карда шудаанд.

XS
SM
MD
LG