Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев ба Тоҷикистон сафар мекунад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон рӯзҳои 18-19 апрел бо сафари расмӣ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мешавад.

Дар ин бора хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба Сафорати Узбекистон иттилоъ додааст. Айни хабарро баъзе расонаҳои русӣ аз қавли Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон нашр карданд.

Ба иттилои Сафорати Узбекистон дар Душанбе, Шавкат Мирзиёев дар сафараш ба Тоҷикистон бо президент Эмомалӣ Раҳмон вохӯрда, дар Рӯзҳои фарҳангии Узбекистон ширкат мекунад.

Тибқи бархе гузоришҳо, эҳтимол дар рӯзҳои сафари Мирзиёев ба Душанбе бинои нави Сафорати Узбекистон ифтитоҳ шавад.

Радиои Озодӣ ҳанӯз моҳи январи имсол бо такя ба барномаи ҳукумати Тоҷикистон хабар дода буд, ки Шавкат Мирзиёев моҳи апрел ба Душанбе меояд. Мирзиёев бори охир моҳи сентябри соли гузашта ба Душанбе омад ва дар ҷаласаи роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат кард.

Равобити Душанбе ва Тошканд дар солҳои роҳбарии Ислом Каримов сард ва марзҳо баста буд. Ин равобит баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 беҳбуд ёфт, вале ҳарду кишвар солҳои охир барои саркӯби дигарандешон, пахши гирдиҳамоиҳои осоишта ва боздошту ҳабси рӯзноманигорону блогерон танқид мешаванд.

XS
SM
MD
LG