Пайвандонаш хабар доданд, ки маъмурони амниятӣ ӯро рӯзи 6-уми апрели имсол дар хона дастгир карда, телефон ва ноутбукашро низ бурдаанд.
Ин дафъаи дувум аст, ки Фотима Султонӣ дастгир шудааст.
Бори аввал ӯро дар моҳи ноябри соли 2022, дар ҷараёни эътирозҳои саросарии "Зан, Зиндагӣ, Озодӣ" дар Эрон дастгир ва баъди се моҳ раҳо карда буданд.
Тазоҳуроти саросарӣ дар Эрон соли 2022 дар пайи марги Маҳсо Аминии 22-сола сар зад. Аминиро бо айби бадҳиҷобӣ боздошт карданд ва вай дар бемористон фавтид. Наздикони Маҳсо Аминӣ гуфтанд, пулис ӯро латукӯб кардааст.