Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФСБ мегӯяд, аз ҳамла ба ибодатгоҳи яҳудиён пешгирӣ кардааст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) мегӯяд, аз ҳамла ба ибодатгоҳ ё канисаи яҳудиён дар шаҳри Маскав пешгирӣ кардаанд.

Ин ниҳод дар хабарномае навишт, гумонбари ҳодиса як зодаи Осиёи Марказӣ буд, ки 10-уми апрел ҳангоми боздошт кушта шуд. Ному насаб ва аз кадом кишвар будани ӯ зикр нашудааст.

Хабаргузории "Интерфакс" аз қавли идораи ФСБ навиштааст, гумонбар ҳангоми адои ҷазо дар кишвараш, зери таъсири аъзоёни гуруҳҳои ифротӣ монда, ба ақидаи онҳо гаравидааст.

Ба навиштаи ин манбаъ, гумонбар моҳи ноябри соли 2023 аз зиндон дар кишвараш озод шуда, ба Русия меояд ва барои ҳамла ба ибодатгоҳ ё канисаи яҳудиён омодагӣ мебинад.

Қаблан нашрияи The Washington Post бо такя ба ду манбаъ навишт, Хадамоти махсуси Амрико аз эҳтимоли ҳамла ба ибодатгоҳи яҳудиён дар Маскав ба мақомоти қудратии Русия хабар додааст.

XS
SM
MD
LG